Сафои дил

Он накҳати боғам рафт,
Хушбӯи димоғам нест.
Он нури чароғам рафт,
Ҷуз ҳасрату доғам нест.
Эй дар дили ман бошӣ,
Обу гили ман бошӣ.
Ту байти дилороӣ,
Дар маҳфили ман бошӣ.
Эй ёр, суроғам кун,
Ду дида ба боғам кун.
Дар ишқи шарарборат,
Доғам куну доғам кун.
РЕЗАҲО
РАҚСИ ГУЛНИГОР
Барф мерезад чу рангоранги гулбези баҳор,
Барф мерақсад, чу мерақсад ба рақсаш Гулнигор.
Чархи барфу чархи рақси Гулнигори барфрӯ,
Ҳарду пайки рӯзгорон медиҳад бар гӯши ёр.
БАРФ ВА ҲАРФ
Ҳарф мерезад, қаду басти қалам кам мешавад,
Барф мерезад, замину осмон нам мешавад.
Барф ҳам монанди шоир лаҳзаи илҳоми ишқ,
Барфу ҳарф ояд ба ҳам, меҳру вафо зам мешавад.
ҶАЗБ
Мекашад оҳанрабои чашми ман
Ҳусни зебои туро бе моҷаро.
Мебарад оҳанрабои ҳусни ту
Он ҳама дороии чашми маро.
БЕХОБӢ
Бо ту будам, бо ту мемонам мудом,
Хоби шаб аз ман гусасту барнагашт.
То саҳар дар боғи ҳуснат сайр дошт,
Чашми ман, эй себи хубонии Рашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё