Сафои дил

САЙДИ ШИКОРИ МАН ТУӢ
Сайди шикори ман туӣ,
Шоҳсавори ман туӣ.
Оҳуи хушхироми ман,
Тозабаҳори ман туӣ.
Бе ту куҷост навбаҳор,
Бе ту куҷост набзи кор.
Маънии зиндагӣ туӣ,
Бе ту тиҳист лолазор.
Бе ту на бар чаман равам!
Бе ту на дар даман равам!
Ёри ҷунуни Лайлӣ чист?
Бо ту чу Кӯҳкан равам!
Бо ту хуш аст оҳи ман!
Чашми ману нигоҳи ман!
Бо ту накӯст зиндагӣ
Бахту давоми роҳи ман!
ВАТАН
Чашми дили ман сӯи ту,
Хунам равон дар ҷӯи ту,
Дар мағзи ҷонам бӯи ту,
Олам ғуломи кӯи ту.
Дилдодаву дилҷӯи ту.
Арзи вуҷуди ман, Ватан,
Буду набуди ман, Ватан,
Ҷои суҷуди ман, Ватан,
Ҳар тору пуди ман, Ватан.
Бар хоки кӯят бандаам,
Чун қуллаат пояндаам.
Чун ахтари тобандаам,
Ҳамчун садаф рахшандаам,
Ман бо туям, то зиндаам.
Арзи вуҷуди ман, Ватан,
Буду набуди ман, Ватан,
Ҷои суҷуди ман, Ватан,
Ҳар тору пуди ман, Ватан.
Ҳар қатра обат гавҳарам,
Ҳар саҷдагоҳат доварам.
Ҳар гарди роҳат ҷавҳарам,
Ман дар замири меҳри худ
Танҳо туро мепарварам.
Арзи вуҷуди ман, Ватан,
Буду набуди ман, Ватан,
Ҷои суҷуди ман, Ватан,
Ҳар тору пуди ман, Ватан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё