Зеҳн
Сафои дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 51 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДУНЁИ МАН

Дунёи ман дунёи туст, як олами бегона нест,
Ин хоки тоатпарварам эъҷози як афсона нест.

Ин мулки рӯҳафзои ман, хоки биҳиштосои ман,
Кай мешавад монанди он пайдо, ки ҷуз дурдона нест.

Фарзанди ин хоку замин, раҳвораам чархи барин
Мифтоҳи ҳар кошонаву қулфи дари ҳар хона нест.

Дунёи ман нуру хирад, бо ӯ равонам то абад,
Дар қалбҳову дидаҳост, ӯ мурғаки белона нест.

Дунёи ман мулки Аҷам, хокаш бузургу мӯҳташам,
Ӯ тангу тору тира нест, ӯ боли ҳар парвона нест.

Дунёи ман меҳри ману оҳанги ҳар шеъри ман аст,
Дар нангу номуси Ватан ҷуз фикрати фарзона нест.

Ман ошиқам, парвонаам, дар сӯхтан паймонаам,
Дар корзори меҳанам чун ман яке мардона нест.

Дар шаҳнишини хонаам аз марди мардон ҳарф гӯ,
Кохи маро бартар сано аз мидҳати шоҳона нест.
ҶАШНИ МИЛЛАТ

Ба эҳтироми Сарвари кишвар
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷашни мавлуди ту фархундаи миллат бошад,
Сар ба нохуни вуҷудат ҳама ҳиммат бошад.

Шасти аввал самари нек, чу бо шаст омад,
Шасти сонии ту хуршедии қисмат бошад.

Ҷумлагӣ ҳалқаи сарҷамъ сари хони дуо,
Эй нигаҳбони ту Ҳақ, Холиқи раҳмат бошад.

Ҳамагӣ лахти ҷигар рӯзу шабон раҳпоят,
Аз рухат нурфишон партави исмат бошад.

Бо ту чун машъалаафрӯз фурӯзон моем,
Дили гарми ту ба эъзози нубувват бошад.

Тани ту нози табибон напазирад ба ғаме,
Ин нидоят расад аз ғайб: «Саломат бошад!»

Соли 2012

пешина
аз 51
навбатӣ