Сафои дил

ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон, ори ман, номуси ман, нангам туӣ,
Сарнавишти пок дар пешонии сангам туӣ.
Тоҷикистон, хонадони бахти ман, эй тахти ман,
Ҳафт ахтар, ҳафт гардун, ҳафт аврангам туӣ!
Достони бостонии ватандории ман,
Ҷилди қомусам туӣ, девони фарҳангам туӣ.
Сарзамини ориёии авастоии ман,
Саҷдагоҳи ман, нигористони Аржангам туӣ.
Мекунам шукронаи ҳастии раҳмонии ту,
Кишвари хуршедии ман нур дар рангам туӣ.
Месароям, меситоям ман туро бо хуни дил,
Эй Ватан, эй Тоҷикистон, созу оҳангам туӣ.
СОЛИ АСП
Биё, эй соли некӯ, соли аспи дилписанди мо,
Биё, эй хушхиромон, аспи мо, зебосаманди мо.
Биё, то орзуи дил ба подоши вафо гӯям,
Ки аз ту мерасад дар сина рӯҳи бегазанди мо.
Биё, эй то шукӯҳи тоза гирад рӯҳи исёнӣ,
Биёву фоли нав бикшо ба ин умри даванди мо!
Биё, то бо ту фоли бахт бикшоему бинвозем,
Дили дар эътибори ишқ воло, арҷманди мо.
Биё, то дуди дил аз сина бо сӯзи ҷигар гирем,
Ки болотар кашад аз оҳи мо дуди сипанди мо.
Ба гирди хони нав созему ҷамъи хеш бинвозем,
Дигар боқӣ намонад аз гузашта чуну чанди мо!
декабри 2013

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё