Сафои дил

НОЗИ ДИЛҶӮЯТ
Нози дилҷӯят маро девона кард,
Аз замину осмон бегона кард.
Ишқ кай донад ҳама нокомияш,
Сабри дил берун маро аз хона кард,
Завқи ишқат боли илҳомам кушод,
Интизорӣ мурғаки белона кард.
Ёд аз мо мекунӣ оё? Бигӯ!
Наргиси ту фитнаи фаттона кард.
ҲАСРАТИ МАҲҶУРӢ
Зиндагӣ дар мову ту сар кард ин афсонаро,
Чанд дар ғам мубтало кард ин дили девонаро.
Бо садову бесадо фарёд дорам аз ғамат,
Сарду хушку тира дидам кулбаи вайронаро.
Бе ту ман дунё надорам, то қаландартинатам,
Қалби ман нашнохт бе ту фаршу боми хонаро.
Сӯхтам, дармон куҷо сӯзу гудози синаро?
Гӯшаи кошона кардам ин дари майхонаро.
Дар фироқи дилбари гумгашта месӯзам ҳанӯз,
Ёри ҳамдам кардаам ин соғару паймонаро.
Дар дилам ҷои дигар боқӣ наёбад дилбаре,
Қалби шайдо кай пазирад дилбари бегонаро?!
ДАР ҒАМАТ
Об шудам об шудам дар ғамат,
Дилбари маҳтоб шудам дар ғамат,
Кай бишукуфад гули армони дил.
Ёри майи ноб шудам дар ғамат.
Рӯзи висоли ману ту дер шуд,
Хаставу бетоб шудам дар ғамат.
Ҳаҷри рухат сӯхт маро, нозанин,
Қатраи симоб шудам дар ғамат.
Кӯзаи чашмам зи сабурӣ шикаст,
Чашмаи беоб шудам дар ғамат.
Мурғи умедам зи шабам пар гирифт,
Пардадари хоб шудам дар ғамат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё