Сафои дил

ПАЙДО МЕКУНАМ
Қатраи обам, ҳама даъвои дарё мекунам,
Гарди хокам, орзуи рӯи дунё мекунам.
Барги зардам дар баҳору барги сабзам дар хазон,
Дар самар ё дар нумӯям, ёди фардо мекунам.
Дард дорад қалби ман аз нобасомонии давр,
Ман ба килки безабони хеш даъво мекунам.
Ноаён аст олами дил дар назар ҳамчун хаёл.
Бо ҳамин уммед дилро банди дилҳо мекунам.
Умри ширин ёфтан осон намеояд ба кас,
Ман аз ин рӯ умри худ аз ишқ пайдо мекунам.
РОҲИ ҲАМА БАР СӮИ ӮСТ
Ин баҳорам боғи дилро заъфарон омад,
Аз ниҳони осмонҳо ногаҳон омад.
Баҳри будан ё набудан имтиҳон омад,
То дили фарёдзоям назъи ҷон омад,
Бори дигар ман ба дунё омадам гӯӣ!
Бори дигар баҳри дилҳо омадам гӯӣ!
Омадам, то дил шиносам бештар, ё Раб,
Накҳати гулҳо бибӯям бештар, ё Раб!
Омадам, то ки шиносам хештанро беш,
То ки бар шӯр оварам ин ҷону танро беш.
Омадам, то бо диле дардошно бошам,
То ба дарди дигарон як дам даво бошам.
Эй дили шӯридаам, осуда бош ин дам,
Баҳри ҳастият кунам умре талош ин дам.
То ки нафъе бар халоиқ оварам аз нав,
Мисраъеро ҳамчу Лоиқ оварам аз нав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё