Сафои дил

Хушҳолии ӯ зи даргаҳи Ҳақ хоҳам,
Ҳаққо ки сазои лутфи Раҳмон дорад.
Мо сар ҳамагӣ дар қадамаш бигзорем,
Хоки қадамаш накҳати эҳсон дорад.
То ҳаст ҷаҳон, ниёз дорем ӯро,
Дар ҷон талаби ниёзмандон дорад.
ҲИДОЯТ
Дил фидои ҳамдили ҷонӣ кунед!
Меҳрро андар дил арзонӣ кунед!
Май адуи ғам бувад чун бо ғазал,
Май бинушеду ғазалхонӣ кунед!
Рафт чун меҳр аз само, то субҳдам,
Меҳрро дар синаҳо бонӣ кунед!
Гармрӯ ёрони чун нон парваред,
Дӯсте ҷонӣ зи ҳар нонӣ кунед!
Мизбони хеш бошед аз карам,
Лек гоҳе азми меҳмонӣ кунед!
Сар ба пойи кас намонда аз ғурур,
Дил ба роҳи шеъри кайҳонӣ кунед!
ЗИЁБАХШ
Ҳар ки моро мешиносад, мешиносад хешро,
Қалби пурармону оҳу нолаи пуррешро.
Ҳар ки моро мешиносад, дар суроғи мо бувад,
Мепарастад қалби ман ҳарфи хуши дарвешро.
Суҳбатам шояд наояд хуш ба ҳар кӯтаҳназар,
Ин дили ман мешиносад фарди бадандешро.
Қалби ман банд аст доим дар хаёли рӯи дӯст,
Синаи ман ҷо надорад зарбаи ҳар нешро.
Гӯши ғам кар шуд магар, нашнид фарёди дилам,
Ё намедонад магар оёти дину кешро.
Чашмаи шеърам ҳамеша, то нахушкад ҳарфи дил,
Бо зиёиям зиё бахшам баландандешро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё