МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

БА ЁДИ ШАҲИДОН
Кушода болу пар аз ошёни кўҳҳо як-як,
Шумо рафтеду кабкони дарӣ ҳамроз меҷўянд,
Ба дафъи хасм рафтеду набаргаштеду дарёҳо
Шуморо дар талаб афтону хезон роҳ мепўянд.
Шумо рафтеду кам шуд қуллаҳои кўҳ бар дида,
Шумо рафтеду ашк аз дидаҳои тарма резон шуд,
Нигоҳи чашмаҳо чун косаҳои шири лабрезон,
Насими ағбаҳо бо ёдатон хотирпарешон шуд.
Шумо рафтеду пўшидӣ алаф пайроҳаҳои кўҳ,
Нафасҳои шуморо аз куҷое мебиёрад бод,
Вале акси шумо тобад ба чашми мардуми деҳа,
Вале нақши шумо дар синаҳои модарон обод.
Шумо рафтеду ман ҷои шумо дар теға биншинам,
Бубинам акси худ андар нигини чашмасори кўҳ,
Бихонам достони баччагиҳои шумо аз нав
Зи хатти нимкўри пайраҳа дар арчазори кўҳ.
Шумо рафтеду ман аз кундаҳои нимасўзи бурс
Ба ёди ҳалқаҳои базматон гулхан барафрўзам,
Лаболаб карда аз гулҳои оташ домани ҷангал,
Ба рақси шўъла монанди шумо чашми ҳавас дўзам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё