МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

КАФШЕР
Шабҳо зи синаи кўҳ ҳар ҷо шарора ҷаста,
Гўӣ ба қулла чанде истора барнишаста.
Гўӣ зи санг раста гулбуттаҳои оташ,
Гўӣ, ки теға бар сар рўймоли ранга баста.
Сўзад бисоти зулмот аз шўълаҳои кафшер,
Аз қабзаҳои нури дасти шарораафшон.
Аз тоби барқ карданд оҳангарон мунаввар
Шабҳои кўҳҳоро чун офтоби тобон.
ДУХТАРИ КАФШЕРГАР
Шўълаи кафшер чун ҷоми шафақ
Аз кафи дасти ту афтоду шикаст,
В-аз шарори он шароби рехта
Оташе бар домани шаб дарнишаст.
Ғарқаи гулзорҳои оташӣ,
Моҳтобӣ гўи байни ахтарон,
Мечакад нур аз гули рухсораат,
Лолае тобандаӣ дар бўстон.
Қабза карда гўиё гулхорро,
Медиҳӣ ҷавлону аз ин кори ту
Тоза нақше афканад бар кўҳсор,
Пинаҳои панҷаи гулкори ту.
Оҳане бар оҳане чун дил ба дил
Ҳар гаҳе бо дасти ту восил шавад,
Дар тариқи дилбарӣ ёбӣ нумў,
Ҳусни ту чун санъатат комил шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё