Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мурдам зи тири ноҳақи бедардии замон,
Бе як гунаҳ зи новаки номардии замон.
Мили туфанги сардсер гар оташам бизад,
Ҷонам рабуд сардии дилсардии замон.

Рафтам зи оламе, ки он пуршўр будааст,
Мардум басе зи мардумӣ маҳҷур будааст,
Чашмони бози зумрае чун кўр будааст,
Инсон ситезапарвару сархўр будааст,
Ҳасту будаш кафолати маҷбур будааст,
Роҳаш зи батни модарон то гўр будааст.

Дар оламе, ки доварон бо ҳукми омирон
Аз сидқ сар кашида рў бар райб кардаанд,
Беайбиро нишонае аз айб кардаанд.
Аз нозирон, ки тиркаш дар ҷайб кардаанд,
Беҷурм ҳарки кушта шуд, ўро нишона нест,
Дар даҳри пурмиёнарав ў дар миёна нест.

Дар чашми кўри лолаи обии мармарин,
Фаввораҳои кўчаро, ай раҳгузар, бубин:
Дигар зи оби дидаи сўзони модарам,
Дигар зи оби дидаи ҷўшони хоҳарам.

Дарёб, дар чамангаҳи бунгоҳи ҳокимон
Он лолаҳост пурҷило аз ранги хуни ман,
Он лолаҳост пур зи доғ аз занги хуни ман,
Он лолаҳост дар нумў аз ҷўи хуни ман,
Он лолаҳо гирифта бў аз бўи хуни ман...

пешина
аз 264
навбатӣ