МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ОҲНОМА
Эй кўҳсориён,
Эй бодхўрдагони басо чун сахраи ситеғ,
В-эй печхўрдагон басо чун ресмони меғ!
Лағжидагон чу тарма аз селоби бандагӣ,
Олудагон чу кишта дар лойоби зиндагӣ!
Эй саргирифтагон басо аз амру гирудор,
В-эй даргирифтагон басо аз шўълаи ниқор!
Эй растагони панҷаи оҳармани азоб,
Руйинтанони арсаи пайкори инқилоб!
Оё набуд басандаи заҳробаи ситам,
К-аз шоҳкосаи басо айём хўрдаед?
Кам буд магар, ки асрҳо аз чашмзахми даҳр,
В-аз захми чашми ғосибон бас ранҷ бурдаед?
К-имрўз пешаи шумо кишти аҷалгиёст,
Танбокупарвариятон ангезаи балост.
Имрўз рўи мазраа рўи наҷосат аст,
Огандаи уфунату чирку ҷароҳат аст.
Бас печутоби шохаи пурзаҳр шуд раво
Чун аждаҳои сабзгун бар гардани шумо.
Бо бозии забонаки бас морҳои барг
Афюн ба рақс мекунад афсунгарии марг.
Дигар куҷо хўробае?
Талхоба мехўред,
Як коса оби тозаро бо лоба мехўред.
Дардо, ки коми кўдаки гаҳвора талх шуд.
К-аз шири модар ин зақум ширинӣ даррабуд.
Дардо, ки ҷои нагҳати гулҳои бўстон
Танбоку бўй медиҳад аз зулфи духтарон.
Дардо, варақ намезанад дигар касе китоб.
Ҷуз саҳфаҳои талхбарг аз ғояти шитоб.
Дардо, ки дар забонатон байту чакома нест,
Аз “Шоҳнома”-хониҳо ҷуз оҳнома нест.
Аммо ба ҷони хештан бо ин ҳама зиён
Ман дар шигифтам аз шумо,
Эй пажмуридагон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё