Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пас ҳамебояд зи оли ковиён
Рустамоҳангони нав орад замон.
Корсозоне ба рафъи гирудор,
Кардакороне ба ҳукми Кирдигор.
Рустамӣ з-онон таҷассум ёбадо,
Рустамишон бо табассум тобадо!

Зинда бодо асли моро рустамӣ,
Ҳадя бодо наслҳоро рустамӣ!
Тоҷикистон то зи нав ганҷ оганад,
Тоҷикистон то дигар напроганад!
1990.

НИДОЕ АЗ ҚАБР

(Руҷўи шаҳиди воқеоти баҳманмоҳ
Тўймаҳмади Наҷот)

Лалми Ғафури1 намзада бо ашки осмон
Чун кўҳи шонаи падар
К-аз ашк нам кашидааст,
Бо оҳи сарди модарам
Мелағжаду садои он бар гўр оядам.

Дарё фиғон кашидаву сар мезанад ба шах,
Оё ба мавҷхези он омеза ёфтаст
Селоби ашки модари мотамгирифтаам?

Дардо, бимурдаму падар якбора шуд дижам,
Печида дар кафан маро печид худ ба ғам,
Ҳатто Худо зи ҳасраташ нолад ба сад алам.

1 Лалми Ғафур – номи кӯҳдоманае дар рӯёрӯи хонаи волидайни шаҳид.

пешина
аз 264
навбатӣ