Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Деви ҳирси мансабу ҷоҳу ҷалол,
Худфурўшӣ, худсарии бемалол.
Балки бояд Рустаме он гуна ял,
То кушад оҳармани кини маҳал...

Ояд ў бар арсаи мардони род
Чун таҳамтан бо силоҳи адлу дод.
Ояд ў бе гурзу шамшеру камон,
Бе синону бораву баргустувон.
Рустамияш не ба куштор асту разм,
Балки дар пайкори афкорест ҷазм.
Рустамии ў ба нерўи Худой
Дар салоҳи кору тадбир асту рой.
Рустамӣ баҳри наҷоти миллате,
Миллати вомонда андар зиллате,
Миллати озурда аз зарбу лате,
Пойбасти бодлохи қиллате1.
Миллати сар то ба по восўхта,
Дуди оҳаш – дудаи осўхта.
Миллати бебаҳра аз фарҳанги хеш,
Аз “Авесто”-и худу “Аржанг”-и хеш.
Миллати з-ойини худ гардондарўй,
З-офаридгори худу Қуръони ўй.
Миллате, ки буд дар доми фиреб,
Чораи дигар набудаш ҷуз шикеб.
Турктози ғосибон кардаш фано,
К-аз Самарқанду Бухоро шуд ҷудо.
“Дўстон”-аш ҳамчу гургони гала
Молу мулкашро намудандӣ тала.
Баски бо бегонагон ҳамхона буд,
Аз забони модарӣ бегона буд.
Дошт тоҷу оқибат бетоҷ монд,
Тахти оҷаш солиён беоҷ монд...

1 Қиллат - камӣ, норасоӣ.

пешина
аз 264
навбатӣ