МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

РУСТАМЕ ОЯД ҲАМЕ...
Шоҳи туркон фориғ аст аз ҳоли мо, ку Рустаме?!..
Бо хурўше рустамона,
Бо сурўше рустамона,
Мерасад рўзе дамон
Порсимарде ба сони пури дастон.
Донад ў, ки баъди Рустам Рустамӣ чун ганҷи меросии мо қисмат бишуд, Рустамӣ қисмат миёни ворисони қисмати миллат бишуд.
Монд кори рустамона,
Корзори рустамона,
Ибтикору ифтихори рустамона.
Донад ў, ки рўҳи Рустам баъди Рустам
Дар ҳама пайкор буда
Ёрманди тобу ҳанги ориё.
Донад ў, ки зўри Рустам баъди Рустам
Пай фиканда чун балогардони меҳан
Дар вуҷуди ору нанги ориё.
Донад ў, ки гурзи Рустам баъди Рустам
Монда аз худ тобишеву озарахше
Дар уфуқи дидаи рангобаранги ориё.
Донад ў, ки рустамӣ осон набошад,
Не ҳама фарде, ки номаш Рустам аст,
Рустамие дар ниҳодаш мубрам аст.
Балки бояд Рустаме пирўзманд
Невбанду саркани деви нажанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё