Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дигар боз о ба оғўши шабистони бари дарё,
Чу гулбарги парат то бишкуфад нилуфари маҳтоб
Паранди махмалини обсабзат густарин бошад,
Пайи хатти шино тобад пайи гулдўзие дар об.

УМЕД ЗИНДА БОД

Хомўшакони ташнаи нўшобаҳои хун
Умре маро зи ҷони худ безор кардаанд,
Бар гардане, ки боядо бори сарам кашад,
Озори хори хориро сарбор кардаанд.

Хуни маро чу бодаи гулранг мемаканд
Чун майкашони сархуши ишратсарои шаҳр
Бо неши найчаҳои нўш аз соғари танам,
Оваҳ, зи ҷони кандаи ман дил намекананд,
Гарчи умед аз тану дил аз равон канам.

Хуни маро ҳамемаканд ин нозпарварон
Дар манҷалоби бўйини таҳхонаи замон.
Таҳхонае, ки боядо дар разми зарравӣ
Аз марги ногаҳоние медодиям амон.

Шукри Худо, зи ваҳшати пайкони маргзо
Моро набуд лаҳзае таҳхона сарпаноҳ,
В-арна ҳама ғариқи он ғарқоб будаем,
Ҷуз роҳи вартаи адам моро набуда роҳ.

Хуни маро хамўшакон пайваста мемаканд,
Баски ба худ надораме чизе ба ғайри тан.
Баски бараҳна мондаам бо пунбакориҳо,
Дар кишваре, ки реги он зархез гуфтаанд,
Сангаш пур аз ҷавоҳиру регаш пур аз тило.

пешина
аз 264
навбатӣ