Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман фарди миллат астаму ин хуни миллат аст,
Ин хуни миллате, ки дар гирдоби зиллат аст.
Ин хуни халқи тоҷвар, к-имрўз аз сараш
Он тоҷ меравад,
Лаъли Бадахшон баски бар тороҷ меравад,
Ганҷинаҳои Фон ҳама чун боҷ меравад.
Арзиз гуфта з-ин ҳаво заҳри ҳиял хўрем,
Хирвори он дареғ, чун хирвори сурмааш
Бо арзише ба донаи вартоҷ меравад,
Чун дурри ноб аз кафи мӯҳтоҷ меравад.

Хуни маро ҳамемаканд умре ба хонаам
Ин паркушудагони ҷўъ аз бодлохи дур.
Дар хонае, ки рўҳи ман зиндонии ман аст,
Рў-рўи биркаҳои таҳхонае чу ғор,
Таҳхонае, ки аз ҳама сўрохи ғулбааш
Чун морҳои гурзае аз ҳалқи аҳриман
Фаввораҳои оби бас гандида барҷаҳад.
В-он ҷо ба саҳни хаймаи таркидаи ҳубоб
Хомўшакони давраи хомўшакӣ зиҳад,
Хомўшакони давраи “хушбахтиҳои мо”,
Даври санои “раҳбари ғамхори халқҳо”
Бо ин ҳама ҷафо.
Қаҳ-қаҳ, чи шафқате,
Қаҳ-қаҳ, чи раҳмате!

Он шафқате, ки мо варо таъриф кардаем,
Ҳаққо, ки дилситонии айёрӣ будааст,
Он раҳмате, ки мо варо тасвир кардаем,
Тавре зи пардапўшии таррорӣ будааст.

Он хонасозиҳо буда найрангсозие,
Он зиндагӣ набуда ҷуз аз мурдабозие,
То насли мо бимонад
Таҳти шиори “зинда бод!”
(Эй хок бар сарам!)
Дар қайди зиндагии худ як навъ зиндаёд.

пешина
аз 264
навбатӣ