МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Дар канори мавҷҳои лоязол
Аз тавассул бо фурўғи гавҳари хеш
Шод бошам,
Шодгору шодбаҳр.
ҚУИ МАҲТОБӢ
Гули маҳ аз фарози марғзори осмон рўйид,
Гули ахтар шукуфт аз мазраи ойинаи дарё.
Ҳавасҳои мани бе ту паровар шуд чаковаквор
Миёни селаи амвоҷи рўи синаи дарё.
Ту ёри қуи маҳтобии дарёи дилам будӣ,
Ки мондӣ дар канори буттазори мавҷҳо лона,
Вале афсуни мавҷи қисмат аз ҷуфтат ҷудо бинмуд,
Ки ҷўйӣ ошнойие зи соҳилҳои бегона.
Дигар номи ту дар гўшонаи рӯд асту ҷангалзор,
Дигар овоза бо овози амвоҷӣ ба манзилҳо.
Шамоли раҳгузар чун лаб зи нармии парат бикшод,
Лаболаб шуд лаби дарё зи сайёдони соҳилҳо.
Дигар ман мегуселонам ҳама мурғи ҳавоямро
Ба сўи кишвари оғўши лабрези баҳоронат,
Баҳорони пур аз атри гули худрустаи хуршед,
Пур аз гулбези абру резаборони гулафшонат.
Паёме аз мани шўрида бодо шўрангезат,
Ки баъди ту дар ин дарё қиёми обхезон аст.
Басо аз зови чашмам сели хунине дар он омехт,
Ки қуи яккагарди моҳтобӣ ҳам гурезон аст.
Дигар, эй рафтаи пайгум, биё пайгири ёрат бош,
Гумобам то чу гумҷўе туро ногаҳ кашад дар бар,
Ба дарёи худӣ боз о, ки қуи моҳ аз шодӣ
Занад чархе ба чархобаш, ки чархад осмон дар сар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё