Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳуштак кашад мурғи ҳулол,
Булбул кунад хунёгарӣ;
Бикшода ман ҳам болу пар,
Мурғи хушилҳон мешавам.

Вақте ки тобад офтоб,
З-он тармаҳо гардад хароб,
Яхпораҳо банданд кўч
Бар дўши дарёи пуроб;
Ман низ пўён мешавам,
Оби хурўшон мешавам.

Вақте ки ояд навбаҳор,
Шира чакад аз нарди ток,
Гирён шавад абри матир,
Хандад замини нармхок;
Чун лолаҳо дар ёлаҳо,
Ман ҳам шукуфон мешавам.

ГУФТУГЎ

Сафедор:
Зарбед, аз чӣ умре ба пойи рўдборон
Афкандаӣ саратро бо кокулони афшон?
Бо қадду басти воло зебост сарфарозӣ!

Зарбед:
Дастони мавҷ умре дар гарданам ҳамойил,
Бар силаҳои дарё ҳастам ҳамеша мойил,
Кокулкашак кунад ҳам, бо ў хуш аст бозӣ.

Хоҳам ба гўшам умре дарё фасона хонад,
Бо ман ба рақс ояд, бо ман тарона хонад.
Бе сарфарозӣ набвад ин кеши дилнавозӣ.
БАЗМИ ТИРАМОҲ

Духтаре хушқадду баст Шохҷорўбе ба даст, Рўфта барги хазон
Месарояд паст-паст.
Барг резон
Бар сару бар рўи ў, Барг лағжон
Дар хами абрўи ў,
Барг овезон ба нўги пилтаҳои мўи ў.
Кокулони майдабофаш Шаддаи барги хазон.
Дар хаёлаш,
Ӯ арўс асту дарахтон Бар сараш барчош карда симу зар, Мебарандаш сӯйи домод – пойизи пурфайзу эҳсон.

МЕҶӮЯМАТ
(Суруд)
Меҷўямат аз навбаҳор,
Аз обшор, аз сабзазор,
Чун андалеб аз шохсор,
Чун лоласор аз лолазор.
Меҷўямат, меҷўямат,
Меҷўямат, эй ҷоншикор.

Меҷўямат аз розҳо,
Аз сўзҳо, аз созҳо,
Аз гиряҳои бесадо,
Аз дардҳои бедаво.
Меҷўямат, меҷўямат,
Меҷўямат, эй маҳлиқо.

пешина
аз 264
навбатӣ