Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Меравам ман, то варо пайдо кунам,
Рози дил бори дигар ифшо кунам,
То варо бар бистари гулзорҳо,
Дар ҳарими дидаву дил ҷо кунам.

Меравам, то вақти борон ҷўямаш,
Дар миёни рову торон ҷўямаш,
Чун гули худрўи ғови тахтасанг
Бехабар аз раҳгузорон ҷўямаш.

Он туйӣ, аммо куҷо ҷўям туро,
Ҷўям онро, ки намеёбам варо,
Ман ба рағми бевафоиҳои ту
Хешро гум карда мекобам варо.


Шомгоҳе рақс-рақсон омад ў,
Пойкўбон, шонаҷунбон омад ў,
Атри гул афшону афшон омад ў.

Ҳамчу маҳ дар ҳолаи оғўш буд,
Осмон то субҳ болопўш буд,
Ахтар он шаб духтари рўпўш буд.

Рўз шуд, он моҳи тобон рафт, рафт,
Тифли ашкам монда гирён рафт, рафт.
Аз танам монандаи ҷон рафт, рафт.
МОДАР

Ба ёд ори ҷавониро,
Ба ёдат рағзабофӣ мерасад, модар!
Ба чашмат риштаҳои рангаи рағза Гаҳе монандаи рангинкамон тобад, Гаҳе чун мавҷаи дарё равон тобад.
Ту будӣ дар сари рағза Саҳар то шом биншаста, Буди хуни ҷигар дар бастани ҳар тори бигсаста.
Вале бо нияте дигар намони рағзаи хушбар.
Наоройӣ дигар ҳангомаи занҳои ҳамсоя, Набофӣ чакмани моҳут.
Намеояд дигар аз боғ
Садои дастгоҳи содаат, модар, Ки сарви қоматат хам шуд, Тавони бозуят кам шуд.
Ба ту дигар
Сафедорони рӯи роҳ ҳамрозанд, Ва чашмони ту акнун рағза мебофанд Ба роҳи нури чашмоне, ки сарбозанд.


Вақте ки аз ҳар обканд
Сели наве пайдо шавад,
Бурсу заранг аз бун канад,
Бо шўру бо ғавғо давад;
Чун санг пешопеши он
Ман ҳам гурезон мешавам.

Вақте ки аз оғўши кўҳ
Ово диҳад кабки дарӣ,

пешина
аз 264
навбатӣ