МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Хуш буд жолачинӣ
Аз барги сабзаи тар.
Хуш буд шаб назора
Бар гулхани бари кўҳ,
Бар наҷми пуршарора –
Гултоқии сари кўҳ.
Хуш буду беғамиро
Дар кўҳ монда рафтем,
Ҳайфо, ба оби дарё
Онро фишонда рафтем.
Акнун ба сина монда
Аз рўди маст туғён,
Аз кўҳ по кашидем,
Побаста монд армон.
Акнун ки боз оем,
Бар қуллаҳо бароем,
Аз сўзи дил ба тарма
Чун оҳу сина соем.
Ногаҳ ки шўр хезад
Аз сангҳои ғелон,
Бинем бачагиро
Бо оҳувон гурезон.
Бинем сар-сари санг
Бо кабкҳо ғазалхон,
Аз зов то ба зове
Бо абрҳо парафшон...
ХИҶОЛАТ
Хоб мондам,
Пода рафтаст,
Подабон моро хабар нодода рафтаст.
Он саҳар ман нони гандум дар бағал,
Модгови ҷойдорӣ пеш-пеш,
Бар суроғи пода рафтам,
Қад-қади роҳи Тагоб,
Лаб-лаби рўди пуроб.
Он саҳар биштофтам, биштофтам.
Дар хами тал подаро дарёфтам.
Даст бурда дар бағал,
Нони ҳаққи подабонро кофтам,
Нон набуд, оваҳ,
Хўрдаам онро раҳораҳ...
Тофт аз чашми ҳаросонам гунаҳ.
Подабон гарчи ба ман чизе нагуфт,
Оҳ, будам дар чӣ ҳолат...
Подабон гарчи бихандиду шукуфт,
Гиря кардам аз хиҷолат.
Бачагӣ бо оби дида рехт-рехт,
Бачагӣ гўё гурехт.
Бачагӣ рафту ба ҷояш то ҳанўз
Шармсорам худ ба худ аз подабон,
Қарздорам умрҳо аз подабон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё