Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Абр ҳамчун турна бигзашт,
(Дар параш бўи баҳорон),
Рўи барфи нарми ёна
Нарм-нарм афшонда борон.

Тармаҳоро монда гирён,
Рахт мебандад зимистон,
Дар дилаш ояд малоле,
К-аз пасаш хуршед хандон.

НОНИ НАСИБА

Гар нони пайгазе
Дар шифти хонаест,
Як қиссагўи безабон аз дарди зиндагист.
Аз маҳшари гусел,
Оҳи қатораҳо.
Чун шўълаҳои ахтари вақти сапедадам Аз вопасин шарораи нури назораҳо, Аз рўю мўканӣ,
Аз ашки шашқатор,
Аз бўсаҳои гарм,
Аз дидаҳои чор.
Аз навҳаи шабонаи занҳои ғамзада, Аз ормону ҳасрати пирони хамзада.
З-ин хонавода ҳам
Як навҷавони навхат
Бархост, раҳ сипард
То саҳнаи набард.
Монанди ширкафтаре аз лона пар кашид, Дигар на лона дид,
Дигар на дона чид.
Нони насиби ў нигар, дар шифти хона монд, Аз бенишона аскаре ин ҷо нишона монд.
БАЧАГӢ

Барои Олиқул Бобоҷонов

Чун обшори тира
Шаб аз уфуқ резад,
Дуздида хоби моро
Тифлии мо гурезад.

Ғавғои гирудораш
Аз обхез ояд,
Вақте саманди дарё
Бо чорхез ояд...

Вақте зи навда буд асп,
Мошину танк аз санг,
Шамшеру ханҷар аз чўб,
Тўпу туфанг аз санг.

Дар бозиҳои моён
Ҳам сулҳ буду ҳам ҷанг,
Ҳам ханда буду гиря,
Ҳам ор буду ҳам нанг.

Гирён шудему бо мо
Абри баҳор бигрист,
Ҳам рехт ашки чашма,
Ҳам обшор бигрист.

Хандон шудему бо мо
Хандид лолазорон,
Хандонд ёлаҳоро
Хуршед баъди борон.

Хуш буд лолачинӣ
Дар теппаю лаби ҷар,

пешина
аз 264
навбатӣ