Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Он ҳама дарёи одам, ки ба ҷўш омад, ба ҷўш, Наъраи Восеъ ба гўш.
Синаҳо аз хашм лабрез, Муштҳо омодаи кину ситез Шери олуғда буданд,
Лек дар рўзи ғазо,
Рўзи ҷазо,
Дудашон дар мотами Восеъ омад аз димоғ, Ҷумла сар то пой осуғда буданд.
Бингарам, мавҷе бубандад Дасту пои мавҷи дигарро ба занҷир, Сар кашида ҳамчу мавҷе Аз миёни мавҷҳо Темурмалик, Ҳалқаи занҷирро
Пора месозад ба шамшер.
Ман зи ҳар як мавҷи пурзўру тавоно Бингарам ҳар теғи бар тори сари яғмоиён бардошта, Бингарам аз обхези рўдҳо Растахези шўриши Восеъро.
Дар шикасти гардани ҳар мавҷ бинам Чун сари Восеъи ял садҳо сари афрошта.
ЗАМИН

Замин модархудои ҷумла модарҳост, Замин волидаи волост, Сароғози ҳама оғоз, Саробони ҳама сарҳост.
Ва эй инсон!
Чи хоҳӣ гуфт?
Агар мо ҷумла фарзанди заминем, Агар мо ҷумла пайванди заминем, Чаро боист модарро диҳем озор?
Чаро созем хору зор?
Чаро бар домани покаш занем оташ?
Ва бо қамчини барқи бомби ядроӣ Вуҷудашро кунем афгор?
Чаро бар фарқи ҳамдигар балои ҳастайӣ резем?
Ва тухми оламиёнро ба ғалбери фано безем?
Чаро бояст рўи осмонро чун малах тайёра пўшонад?
Ва заҳри кимиёвию ғубори нейтрониро ба шаҳру деҳ афшонад?
Ва мо яксар бимирему заминро дар сукути ҷовидон монем?
Маҳу хуршеду анҷумро ба сўги хеш гирёнем?
Чи номардист,
Чи бедардист ин, ало, оташфурўзони сабукандеши тундарҳои оламсўз!
Магар модар шуморо бо чунин умед ба рўи ҷаҳон овард?
Ба ин умед мепарвард?
Биандешед,
Шумо, эй размбозон, Эй силаҳсозони нофарзон!
Ки дунёро ба коми аждаҳои марг афканда, Магар худ зинда мемонед?

пешина
аз 264
навбатӣ