Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи чўби дахма аммо навдае сар зад,
Ки ашки осмон авҷу нумўяш дод.

НЎШБОД

Ин саҳар дар базмгоҳи кўҳсор
Бод рақсону ғазалхон обшор,
Бо забони мавҷи дарё мерасад
Нўшбоди духтари субҳи баҳор:

“Эй гиёҳи сарзада аз санглох,
Дар хаёли резаборон зинда бош!
Нестӣ беҷо ба чашми навбаҳор,
Дар канори лолазорон зинда бош!”

Аз қадат гардам, сапедори баланд,
Барқгиру нурполо зинда бош!
Кокулони духтари хуршедро
То бибофӣ, дастболо зинда бош!

Шабнам, эй ашки сапеди чашми шаб,
Дар рухи гулҳои хандон зинда бош!
Бишканӣ то ташнагии офтоб,
Дар кафи барги дарахтон зинда бош!

Духтари субҳ ин саҳар ҳангомасоз,
Комгорӣ парварад бо нӯшбод,
Холӣ карда ҷомҳои лоларо,
Мезанад бар санг мастомаст бод.
ЁДГОР

Тоҷикистон!
Рўдҳоят ёдгоранд,
Ёдгори ҷовидони нангу ном,
Ёдгори маҳшари шўру қиём,
Ёдгори интиқом.

Рўзгори тоҷиконро
Баски бе базму сухан Дар ҳама давру замон тасвир кардан мушкил аст, Ҳар куҷо рўдест, мехонад тарона, Қисса мегўяд, фасона.
Ҳар куҷо рўдест, дорад дар бағал Дафтари байту ғазал.
Мебарад аз аср бар аср, Мебарад аз насл бар насл Шўри шеъри Рўдакиро бебадал.
Рўдакӣ -- он рўди пуршўри сухан Мисли рўди раҳкушои кўҳсор, Мисли рўди раҳнамои кўҳсор Раҳкушое буд дар шеър, Раҳнамое буд дар шеър.
Баски ў бар олами рангини назм Ҳамчу чашма чашми одамро кушуд, Баски дунёро чу дарёи хурўшон дид ў, Ки дар он буда шиновар киштиҳои некномӣ, Баски дунёро чу чашме гирдгардон дид ў, Ҳеҷ чашме ҳамчу чашми Рўдакӣ бино набуд.

Тоҷикистон!
Рўдҳоят номбардори сари шўридагон,
Ёдгори ҷовидони он ҳама мардони орӣ,
Он ҳама мардони ёғӣ, Он ҳама дарёи одам, ки ба рўзи интиқом Аз паси Кова равон буду равон, Бо дирафши ковиён.

пешина
аз 264
навбатӣ