Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДАР СОҲИЛ

Бин, кўдакони дилшоди озод,
Тозанд беғам қад-қади дарё,
Саргарми бозӣ хушбахту хушвақт,
Парво надоранд аз кори дунё.

Дар соҳил аз рег созанд хона,
Чун мавҷ шўяд яксон шавад боз,
Ҳайкал бисозанд аз санги рах-рах,
Аз мадди дарё вайрон шавад боз.

Дар реги соҳил бо нўги ангушт
Бинвишта номи худро биболанд.
Боланд аз он ки доранд номе,
Боланд, гўйӣ ки баркамоланд.

Санге ба санге сованд аз шавқ,
То барҷаҳад з-он охир шарора.
Дар шахси онон такрор дидам
Ман кўдакии худро дубора.

ХАНДАҲОИ ҶОНОНА

Гузаштӣ аз канори лолазорон,
Гузаштӣ бо табассумҳои ширин,
Зи ту сарсабзии домони саҳро,
Зи ту гулбаргҳои атрогин.

Кунун акси садои хандаҳоят
Бихезад аз сукути кўҳсорон,
Ба тори қуллаҳои сарду хомўш
Парафшонӣ кунад ҳамчун уқобон.
Кунун шўри дигар дорад дили рўд,
Ки аз ту хандаву завқидан омўхт,
Ба худ болидану арғушт рафтан
Зи шавқи зиндагӣ ҷўшидан омўхт.

Бақои хандаи мастонаат бод,
Ки бахшидӣ ба кўҳҳо навҷавонӣ,
Ки ман ҳам гавҳаре дар сина дорам
Ба ёди хандаҳои дилситоне.


Даравгардухтари абрўхамида
Бигуфто: оҳуе ин ҷо чарида,
Маро диду гузашт, аммо рамида,
Бигў, бар вай чӣ бад аз ман расида?

Ҷавобат, - гуфтамаш, - дар ин савол аст:
Чаро чашми ту чун чашми ғизол аст?
Чаро ошиқ ба дунболат кашол аст?
Чаро бўсиданат амри маҳол аст?

Бишармиду сараш ин лаҳза хам кард,
Бизавқиду зи завқаш огаҳам кард,
Сипас чун оҳуе якбора рам кард,
Ҷавоби додааш бар ман алам кард.

пешина
аз 264
навбатӣ