Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хушо ҳангомаҳои навҷавонӣ
Ба базми навбаҳории кўҳистон,
Хушо рустакшавию пешбозак
Ба соҳилҳои пурсанги Зарафшон.

Зи дасти мавҷҳо дорию тозӣ,
Ҷаҳиш омўзӣ аз болои харсанг,
Паридан боядат чун обшорон,
Давидан аз фарози дараи танг.

Агар хаста шавӣ, боке набошад – Канори сабзаи навхез шинӣ, Агар ташна шавӣ, парво надорӣ-- Лаби сарчашмаи лабрез шинӣ.

Шабонгоҳон хушу ширинтарин хоб
Ба рўи боми меҳолуда ояд,
Шавӣ бедор аз овози булбул,
Сапеда чун бари домон кушояд.

Бубинӣ дар канорат духтари субҳ Шакарчаш бахшадат бо бўсаборон, Сари зулфи тилойиро кушуда, Ба сар то пои ту созад парешон.

Хушо субҳу хаёли навҷавонӣ,
Тамошои гули рухсори хуршед,
Хушо оғўши ҷонбахши кўҳистон –
Тапишободи дилҳои пурумед.
КАБК

Ҷўр гашта бо навои рўдбор,
Бо садои бодҳои раҳгузор,
Месарояд кабки масте беибо,
Бехабар аз дому тазвири шикор.

Кўҳ ногаҳ ларзид аз овози тир,
Пахш шуд он қақраҳои авҷгир,
Синаро бар тир дода кабки рав,
Аз сари харсанг уфтодӣ ба зер.

Кўҳ азо бикшод бо сўзу наво,
Рўд мехонад суруди хайрбод,
Гирди кабки нимҷон чархак зада,
Мебарорад нолаи пурдард бод.

ТАРМА

Хуршеди хандон чун мекашад теғ,
Тарма саропо чашмест гирён.
Дар нўги шўша ҳар қатраи об
Ашкест гўйӣ дар нўги мижгон.

Лабханди гулҳо аз гиряи ўст,
Ҷўшад зи шавқи побўси гулҳо.
Болонишин буд дар тори қулла,
Афтода акнун бар пои саҳро...

пешина
аз 264
навбатӣ