Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзҳо мегузаштанд. Боре модарам гуфтанд:
– Гурбаеро дидам, мисли Мошон буд, хеле атрофи хона чархид, вале боз нопадид гашт.
Фикр кардем монанд кардаанд. Агар он гурба Мошони мо мебуд, ҳатман дар хона мемонд, моро медид. На, вай Мошон набудааст. Мошони моро яқин касе дуздидааст, чун хеле гурбаи нозу доно ва дилрабо буд. Ҳама аҳли хонадон ёдаш карда будем. Ростӣ, диламон барояш гум мезад. Бисёр мехостем наздамон бошаду навозишаш кунем, садои хур-хурашро бишнавем, атрофамон бичархад ва аз мо талаб кунад, ки сарашро сила кунем. Ин ормонҳо дар диламон ҷӯш мезад, вале ҳайҳот, Мошоне набуд, ки онҳоро амалӣ кунем. Ҳатто, модарам, ки ҳамеша чашми диданашро надошт, оҳиста-оҳиста Мошон мегуфтагӣ шуд.
– Аҷаб ҷонвари бевафо будааст-да! Наход ҳамаро партофта равӣ!
– Очаҷон, охир шумо ӯро бад медидед-ку!
Ёдаш кардед магар?
– Ман бадаш намедидам, ба таври худам

пешина
аз 95
навбатӣ