Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дӯстдорӣ шуд? Нимишабӣ маро дар хобӣ ширинам талхакаф кард, – паст намеомад модар.
– Хай, намекунад, ки омада дар бағали ман бихобад? Меҳраш ки ба ту бисёр аст, омада дар бағалат хобидааст, – гапро ба шухӣ бурданӣ шуд падар.
– Сахт тарсидам, аташ, беҳад сахт тарсидам. Як нафаси гарм ба рӯям расид, бедор шуда нигоҳ кардам, аммо дар торикӣ чизе ба чашмам натофт. Даст-даст кардам, ки яке дастам ба як чизи мулоими пашмин расид, талхакаф шудам, ки эҳ, Худо, ин чӣ бошад, ягон бало бошад? Дилам қариб аз кор монд, – гила мекард модарам, ки аз рафтори Мошон ранҷида буд.
Модар хӯроки шом мекашид. Як лаълиро ба замин гузоштан замон Мошон давида омада онро бӯ кашид. Ва ҳамин лаҳза зарбаи химчаро аз дасти модарам хӯрда, гурехта, ба таги ҷевони либосҳо даромада пинҳон шуд. Хеле ҳайрон шудем, ки чаро Мошон ин гуна рафтор кард? Чунки Мошон аз рӯйи тарбияи модарам одат надошт ба косаву табақ даҳон бизанад.

пешина
аз 95
навбатӣ