КИТОБИ ОРЗУҲО

моҳи осмон ҳам бошӣ, айбу хатоеро бароят метарошанд. Дар урфият гуфтаанд: «Душман агар айбатро наёфт, мегӯяд, думи сагат каҷ аст». Ин ҳарфу ҳадисҳо ҳатман дар ҳар як ҷамъияте, ҳар маконе ҳастанд. Аммо ба ҳама эродгирию айбҷӯиҳо бояд одилона ва бидуни эҳсосот бингарем. Мабодо ҳамин мушкилро дар асл дошта бошему чашми худамон онро набинад, зеро гузаштагонамон мақоле доштанд: «Чашми соҳиб кӯр аст». Баъзан вақт айбу ишколе дар асл дорем, вале онро худамон эҳсос намекунем ва дар чашмамон наменамояд. Шахсоне, ки айбҳоямонро ба мо мегӯянд монанди ҳамон палангҳое ҳастанд, ки бемориҳо ва заифиҳои моро аз байн мебаранд.
Набояд аз рӯи кинаву бадбинӣ ҷабр карда, онҳоро аз байн бубарем. Баръакс бибинем ва бисанҷем, оё ҳамон айберо, ки бароямон эълом доштаанд, дар мо вуҷуд дорад ё не?
Нагӯем, ки инро фалонӣ гуфт, ҳатман аз рӯи бадбинӣ мегӯяд. Аз рӯи мақоли «мангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд» амал намуда, паи ислоҳаш бикӯшем, то ҳам айби худамон бартараф шавад ва ҳам атрофиён аз ислоҳи камбуди мо хушҳол гарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё