КИТОБИ ОРЗУҲО

Вохурӣ дар тобут
Парвин ба ин корхона муддати зиёдест, ба ҳайси роҳбар ба кор омадаст, вале пешрафти чашмрасе дар истеҳсолот ба назар намерасид.
Дақиқан вазъият ҳамон тавре ки дар давраи раёсати роҳбари қаблӣ буд, боқӣ монд. На баланд бардоштани маош ва на дигар чораҳои ҳавасмандсозӣ корагари аҳволи зору ақибмондагии корхонаи замоне маъруфу машҳур нагаштанд, ки нагаштанд. Ҳамагӣ дар ҷустуҷӯи шахсе буданд, ки монеъи пешрафту муваффақияти корхона мегашт. Кӣ бошад ин
ландаҳури тайёрхӯр? Он яке ин якеро гунаҳгор медонист, дигаре он дигарро. Ҳатто, кор ба дараҷае расид, ки муфаттиши пуртаҷрибаеро вобаста гардониданд, то тафтише анҷом дода, муайян созад, ки кадом «холабеғам» корхонаи бонуфузро ба ин ҳоли зор овардааст? Вале бенатиҷа. То ин, ки рӯзе ...
Саҳар коргарон, вақте бо дили нохоҳам ба сари кор мерасиданд, нигаҳбон ҳар якеро огоҳ мекард, ки дар толори маҷлисгоҳи корхона ҷамъ шаванд.
– Чӣ гап шудааст? Тинҷист? – мепурсиданд ҳаросон.
– Одаме вафот кардааст, ки гунаҳгори асосии аҳволи табоҳи корхонаи дӯстдошта ва дар замони на чандон гузаштаи дур машҳурамон мебошад. Чун шахси бадкору бадхоҳе буд, раёсат қарор доданд, маросими ҷанозаашро дар маҷлисгоҳ баргузор кунанд, на дар хонаи шахсияш.
Оҳо, қиёмате қоим шуд. Ҳамагӣ беандоза хурсанд шуданд, ки тамом ҷонашон халос шуд.
«Чӣ олӣ, ки мурдааст», – мегуфт яке.
«Ҷонамон халос гашт аз шарраш.» – иброз медошт дигаре.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё