КИТОБИ ОРЗУҲО

раш худамонро наҷот диҳем. Охир, ӯ оинаеро мемонад, ки беғаразона ишколҳоямонро арза кард. Камоли беақлист, агар бо санги таънаву маломат ин оинаи беҳамторо бишканем. Ӯ метавонист, ин айбҳоямонро дар паси сарамон гуфта, боз чанд лақаби дигар низ бароямон ихтироъ намояд. Аммо ӯ ҷавонмардона, одилона гуфт, ки: «Эй бандаи Худо, ман дар ту ҳамин камбудҳоро мебинам. То ҳадди имкон аз паи ислоҳашон бикӯш, то боиси хандаву истеҳзо дар байни мардум нагардӣ.» Чӣ тавре мегӯянд:
Дӯст он аст, айби ёрашро Ҳамчу оина рӯ ба рӯ гӯяд.
На ки чун шона бо ҳазор забон Аз қафо рафта, мӯ ба мӯ гӯяд.
Шояд баъзе дӯстон розӣ нашуда, иброз намоянд: «Ман ҳеҷ айбе надорам, вале фалониҳо ҳамеша аз ман айбҷӯӣ мекунанд.»
Бояд бидонем, ки ҳеҷ кас моҳи беайб нест. Беайб ва аз нуқсонҳо пок танҳо Худованди бузург аст. Аммо ба ҳар ҳол дар ҷамъият баъзе афроде ҳастанд, ки ҳамаи ҳунару истеъдодашонро барои айбҷӯӣ аз мардум равона гардондаанд.
Ин қабил шахсон ҳар коре ҳам кунӣ, ҳатто

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё