Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

сар задани воқеаро ҷӯё шуданд. Маълум шуд, ки палангу шерҳои бешаро гурӯҳи сайёдон ба тамом шикор карда, аз байн бурдаанд.
Маъмулан ҷонварони дарандаро «санитарҳо»- и беша меноманд. Чунки онҳо ба ҳайвонҳои бемор ва пиргаштаву дардманд, ки манбаи бемориҳои сироятӣ мегарданд, ҳамла оварда, онҳоро туъмаи худ месозанд. Бо ин роҳ дигар ҳайвонҳои беша аз ҳар гуна бемориҳои хатарнок эмин мемонанд. Ба ин ҷангал хатари аз байн рафтани тамоми олами ҳайвонот таҳдид мекард. Тасмим гирифтанд, иштибоҳи рухдодаро ҷуброн намоянд. Чанд палангу шер аз дигар ҷангал оварданд. Баъди муддате муҳити маъмулӣ дар беша ҳукмрон гашт.
Вақтҳои охир, намедонам, ба мо чӣ шудааст, ки таҳаммулгароиро аз даст додаем? Шахсе агар як зарра айбу нуқсонамонро ҷуръат карда, дар рӯ ба рӯямон бигӯяд, ҳозирем ӯро пора-пора созем: «Оҳо, ин худаш кист, ки айби маро меҷӯяду мегӯяд? Кӣ ба ӯ ин ҳақро додааст, ки маро таҳқир кунад?»
Тайёрем аз тамоми қувваву имконотамон истифода бурда, ӯро беобрӯ гардонем, дар сурате, ки ӯ ба мо хубӣ хоста, камбудамонро дар рӯямон изҳор кард, то бартараф сохта, аз шар-

пешина
аз 95
навбатӣ