КИТОБИ ОРЗУҲО

рои мо ҷои суол буд, чаро ин ҷуфт баҳс доранд ва мушкилашон чист? Гӯё аз нигоҳҳои саволомезу ҳайрони мо рамуз гирифта, Майна-ака аз фикру андеша ба амал гузашт. Ба тарафи дарвоза рафт ва касеро ном гирифта ҷеғ зад, вале ҳеҷ кас ба ҳарфаш гӯш намедод. Майна-хонум низ давида рафта, паҳлуи шавҳараш истода, нигоҳи ду чашмашро ба дарвоза дӯхт. Боз чанд лаҳзаи хомӯшию сукут сипарӣ шуд. Майнахонум ғамгинона ба гӯши Майна-ака чизе мегуфт ва зуд-зуд сӯи дарвоза назар мекард. Ин дам Майна-ака бо овози баланд боз садо зад.
Дар ин ҳангом дарвоза кушода шуда, сарбозе аз он сар бароварда, ба берун нигоҳ кард. Хаёлам, касеро интизор буд. Майна-ака аз ин лаҳзаи муносиб истифода бурдан хоста, боз як ду қадам ба пеш гузошт ва ба ҷавон чизе гуфтанӣ шуд, вале, ҳайҳот, бахт ба рӯяш нахандид. Сарбоз ҳаросон ба атроф назар давонда, зуд дарвозаро баст ва аз чашм нопадид шуд. Пас аз ин амали ӯ қаҳрамонони мо ҳоли зоре ба худ гирифтанд. Мисле, ки латтаҳояшон дар об заду тарбузашон аз бағал афтод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё