Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

андешакунон ин тарафу он тараф қадам зад.
Ангор, ба фикри амиқе саргарм асту сари мушкилоти муҳимме майнаи сар об мекунад.
Айнан монанди баъзе раисҳои мо, ки бо симои мутафаккирона дар байни мардум гаштанро дӯст медоранд. Чанд сония ин тавр сипарӣ гашт, чанд сонияе, ки дар назари Майна-хонум ба андозаи сол давом дошт. Дар охир ӯ дигар сабру тоқатро аз даст дода, боз ба сӯхангӯӣ пардохт. Ҷив-ҷивкунон дар атрофи шавҳараш мисли мурғи посӯхта мечархид. Мегуфту мегуфту мегуфт. Росташ аз ин баҳси оилавии онҳо мо як калимаашро ҳам намефаҳмидем.
Кош аз илми ҳазрати Сулаймони пайғомбар заррае ба мо ҳам насиб мешуд, то аз омилҳои мунозираи онҳо бохабар мешудем. Майнахонум дақиқан мисли баъзе аз занҳои муҳтарами мо ҳам, ки мехоҳанд, ҳарфашонро ба ҳамсар таҳмил кунанд, рафтор мекард.
Ҳарчанд мардҳои азизамон таҳаммули ин қадар гапро надоранд, вале Майна-акаи мо сабурона ба гуфтаҳои ҳамсараш гӯш мекард ва ҳарфе ба забон намеовард. Қандаша занад. Ба-

пешина
аз 95
навбатӣ