Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Саҳар бедор шуда, аввалин коре, ки кардам тафтиши чаллаам буд. Дар ҷояш меистод, вале ангуштам бисёр ғалатӣ менамуд. Хостам берунаш орам. Муваффақ нагаштам. Ҳангоми дастурӯшӯӣ ҳар чӣ кӯшидам, аммо бенатиҷа.
Оҳиста-оҳиста дар ҷои ангӯштар дардро эҳсос кардам. Дастам дар бағалам ба хона даромадам. Гӯё ҳеҷ коре нашудааст, худамро ба даст гирифта, мисли ҳаррӯза ба хурдани субҳона машғул гаштам. Аммо мисли ҳаррӯза намешуд. Дард кори худашро мекард ва оромишамро аз ман мегирифт. Модарам пурсид:
– Чо кардӣ?
– Ҳичӣ.
– Чӣ хел ҳичӣ, дар рӯят ранг нест. Ягон ҷоят дард мекунад?
– Дастам, чалама наметонум брорум.
– Кадом чала? Оҳ, хок дар сарум, ин чи кори кардагитай? – ангушти варамкардаи маро дида ҳуш аз сари модарам парид. Зуд собуну об оварда, кафк кунонда, кӯшиши ангуштарро баровардан кард. Аммо бефоида. Ҳар чӣ талош ба харҷ дод, натиҷае набахшид. Ночор ба падарам, ки дар ҳавлӣ ба коре андармон

пешина
аз 95
навбатӣ