КИТОБИ ОРЗУҲО

– Онҳо харидиян? Доран? Оҳо, набераи ман чӣ камӣ доштааст, ки ҳама дугонаҳояш чалла кунанду ин надошта бошад? Маҳ, и сума бигиру брав, бхар!
– Мома, даррав очаму атаму нагӯ, майлаш?
– Чиба?
– Охир, баъд ҷангам мекунанд.
– Хай, ту имрӯз аввал бхар, дар дастат бкун, ман фардо худам ба онҳо мегӯм, ки ҷангат накунанд.
Шодикунон, ҷастухезкунон давида аз дарвоза берун шудам. Ба мағоза расида ҳашасзанон ба мағозачӣ гуфтам:
– Акаи магазинчӣ, ай ана ҳамин чаллаҳоят якто барои ман ҳам бидеҳ!
– Ҳамин оҳаниҳо?
– Ҳо, аз ҳамин нигинсурхҳо.
– Инҳо майдаанд барои чиликҳои ту.
– Хай, як размери калонтарашро бидеҳ.
– Ҳамааш як размерай.
Дудила шудам. Бигирам ё нагирам? Ҳар чӣ бодо, бод!
- Якташа бидеҳ, ака!
Он рӯз то бегоҳ хурсандии маро ҳадду канор набуд. Гӯё тамоми оламро бароям бахшидаанд. Ангуштариро ба ангуштам меандохтаму бо ҳавас менигаристам ва дилам лабрези фараҳ мешуд. Чӣ қадар зебост, чӣ қадар дилрабост. Хайр, як зарра тангтар ҳаст, вале ишколе надорад. Дар ангушти хурдиям онро андохта будам, чун дар дигар ангуштонам намедаромад. Чун қарор буд, то фардо волидайнам онро набинанд, албатта, аз онҳо пинҳонӣ ин амалҳоро анҷом медодам ва аз диданаш ба танҳоӣ ҳаловат мебурдам.
Шаб шуд. Ман шабҳо ҳамроҳи бибиям мехобидам. Ба гуфти худаш, «ҳамраҳаки момаш» будам. Пеш аз хобидан бибиям пурсид:
– Ку, чаллатро бинам, духтарам?
Ба дасташ гирифта:
– Оҳо, ин қадар хушрӯ будааст, лекин вақти хобидан онро аз чиликат бигир.
Ҳангоми хоб одам бояд зару зеварашро бигираду баъд бихобад.
– Майлаш, момаҷон.
Аммо ба бозию тамошояш саргарм шуда хобам бурдааст. Ангуштар дар ангуштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё