КИТОБИ ОРЗУҲО

маълум, ки ба бибиям чизе нагуфта буд.
Рӯзи дигар тамоми китобфурӯшиҳо ва китобхонаҳои шаҳрро гаштам, вале бефоида.
Он китоби орзуҳоро наёфтам, ки наёфтам.
Ташнаеро мемондам, ки ба лабонаш намӣ додаанду нагузоштаанд, то ба серӣ об нӯшад. Бовар кунед, ҳанӯз шавқи хондани давоми он қисса, ки «Фирор аз кӯҳистон» ном дошт, дар дилам ҷӯш мезанад. Чандин бор хостам ин қиссаро худам навишта бихонам, то бидонам ҳоли он писарак чӣ шуд?! Навиштам, вале писандам наомад ва онро пора кардам. Ба ин хотир худам ба навиштан машғул шудам.
Ҷустуҷӯи китоб сабаб шуд, ки ба олами зебои китоб ворид шавам. Ба умри сипарӣ кардаам нигаристаму навиштам ва боз ҳам навиштам.
(Бо илҳом аз китоби «Қиссаҳои Маҷид»-и Ҳушанги Муродии Кирмонӣ.)
Ангуштарӣ
Аз назди дуконҳои тилофурӯшии бозори
Корвон мегузаштем. Ҷавонмардони синну солашон гуногун зуд моро иҳота намуда «Тило
мехарем, апа, тилои фурӯшӣ дорӣ? Ман қимат
мехарамаш»-гӯён ба ҳамдигар фурсати дуруст
ҳарфзанӣ намедоданд. Бо азобе аз ҳалқаи онҳо
раҳида, ба дӯконе даромадем, то дӯстам, ки
мақсади ангуштарӣ харидан дошт, дихоҳашро
барои худ интихоб кунад. Баъди давр задани
якчанд дӯкони тилофурӯшӣ дар охир интихобаш рӯи як ангуштарии нигинсабз қарор гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё