Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акаи Саидвалӣ чашмонашро кушод ва маро дар даруни дукон дида, дар ғазаб шуд.
– Аз дукон берун шав, тирмизак! – бо ситеза гуфт.
– Аз барои Худо, гизала нашавед, ман онро хонда зуд бармегардонам, – гуфта, аз дуконаш берун давидам. Ин дам китоб аз дастам лағжида, ба ҷӯе, ки аз назди дуконаш мегузашт, афтод. Оби ҷӯй хеле чиркин буд. Зуд китобро чун дурри гаронбаҳо аз ҷӯй бардоштам.
– Ҳоло ист, ин нағмаҳоятро ба бибият мегӯям, – медонист, ки аз бибиям мурданивор метарсам, бинобар ин аз пушти сарам дод зада, маро ӯ чунин таҳдид кард.
Ман бо китоби дастам ба хона не, ба боғи шаҳрӣ рафта, оби тозае ёфтам ва китобро пок кардам. Шурӯъ ба хондан намудам. Вале ҳайҳот, тарбузам аз бағал афтид. Китоб он саҳифаҳои даркориро надошт, ки надошт. Бо ҳазорон яъсу ноумедӣ бараш гардондам. Фақат номи онро хонда аз ёд кардам, то аз ҷое навашро пайдо намуда бихонам. Акаи Саидвалӣ

пешина
аз 95
навбатӣ