Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа
Муҳаммадӣ нақшаи ҳаракат ба сафар баромаданро кашидем. Чаро ки роҳ дур буд, борхалта доштем. Дар маслиҳати мо Мирзо ҳузур надошт. Ӯ ба деҳаи Кӯшбулоқ ба хабаргирии хешовандонаш рафта буд. Бинобар ин пагоҳии рӯзи сафар ҳамроҳи Муҳаммадӣ аз танаи ёна (пушта) хари Махсуми Зоғпоро гирифта, ба бозорҷо омадем. Мирзо он ҷо моро интизор буд. Ӯ ба ман нигариста суол кард:
- Абдураҳим ин хар барои мо чӣ лозим аст?
- Бо навбат савор мешавем, мушкилии моро осон мекунад, -гуфтам дар ҷавоб.
Вақте ин суханро аз бобои Абдураҳим шунидам, ду байт шеъри устод Мирзо Турсунзода аз достони "Водии Ҳисор" ба хотирам расид:
Солҳое, ки ман ҷавон будам,
Бехабар аз гапи ҷаҳон будам...
Вақти ман сарфи беқарорӣ буд,
Хокбозию харсаворӣ буд.
Воқеан, кист, ки дар он муҳит зиста, харсаворӣ накарда бошад. Нақлиёти мушкилкушо ва беминнати он замон танҳо хар буд.
Бобои Абдураҳим чун аз банда чор мисраъ шеъри устодро шунид, хеле сукут кард. Кордораш нашудам. Баъди чанд лаҳза сар боло карда, ба идомаи қисса пардохт:
- Дар он солҳои ноором ба ҷое сафар кардан ҷасорату нотарсӣ талаб мекард. Замона нотинҷ, роҳ хатарнок буд. Воқеан, ба сафар кардани мо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё