Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа
Мирзои ташнаи илму дониш сабаб гардид. Мо, ки ӯро зиёд эҳтиром мекардем ва медонистем, ки азмаш қатъист, танҳо нагузоштем. Ҳамроҳаш ба сафар баромадем. Тӯшаи роҳи якрӯза дар борхалта гоҳ савораю гоҳ пиёда пасту баландиҳои доманакӯҳи Ҳисорро пушти сар карда, то деҳаи Тӯда расидем.
Ин ҷо андак харро дам дода таваққуф кардем. Баъд боз роҳамонро идома додем, Ҳисорро убур карда, ба деҳаи Кулмунда расидем. Ва дидем, ки дар канори роҳ мардуми зиёде ҷамъ шудаанд. Ин ҷо молбозор будааст.
Дарвоқеъ, то деҳаи Кулмунда расидан Мирзоҷон дар бораи хари Махсуми Зоғпо чизе намедонист. Он ҷо сирро ошкор кардем. Ва гуфтем, ки харро аз Махсум нопурсида овардем. Чаро ки он кас дар хона набуданд. Мирзо аз мо барои ин рафтори ноҷоямон андак хафа ҳам шуд. Ҳатто гуфт, ки: "Пои пиёда ба Душанбе мераваму ба хари нопурсида гирифтаи шумо дигар савор намешавам". Баъд ҳамроҳи Муҳаммадӣ ба чунин қарор омадем, ки харро дар бозори Кулмунда фурӯшем. Дар Душанбе ин ҳайвони мушкалкушо дарди сарамон мешавад - гуфт Муҳаммадӣ. Мирзо хомӯш буд. Чизе намегуфт.
Мехост ҳарчи зудтар сафарамонро идома диҳем.
Борҳалтаро ба дасти Мирзо дода, ману
Муҳаммадӣ пасопеш харро этак карда ба бозори мол
даровардем. Дар як гӯшаи он қарор гирифта,
интизори харидор шудем. Ниятамон ин буд, ки бо
чанд пуле бошад ҳам, ҳарчи зудтар харро фурӯшему
сафарамонро идома диҳем. Хушбахтона дар андак
=20=

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё