Зеҳн
Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҚИССАИ САФАРИ ШАРИКДАРСОН

Бобои Иброҳим Азим (Азим Лайлак) борҳо ба банда қисса карда буд, ки дар мактаби кӯҳнаву нави Қаратоқ мо чоргона будем, яъне ман, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадӣ Имомов ва Абдураҳим Раҳмонов (Раҳими Ҷӯшонӣ) мудом ҳамроҳ мегаштем. Солҳои мактабхонӣ ба хонаҳои ҳамдигар рафтуомад карда, ба корҳои якдигар кӯмаку дасти ёрӣ дароз менамудем. Боре банда чун аз бобои Иброҳим дар бобати сафари шарикдарсон ба Душанбе пурсон шудам, ӯ сидқан хандиду шӯхиомез гуфт, ки дар камолоти Мирзоҷон Махсуми Зоғпо низ саҳм дорад. Зеро ки хари ӯ шарикдарсонро то Ҳисор бурда, сиҳату саломат ба Қаратоқ баргаштааст. Аз ин гуфтаҳои мӯйсафед чизеро нафаҳмидам. Ба суханаш сарфаҳм нарафтанамро фаҳмид магар, ки тафсилоти бештари ин қиссаро Абдураҳими Ҷӯшонӣ медонад гуфта, ҳидоят кард, ки назди ӯ биравам.

Ва ҳамин раҳнамоӣ боис гардид, ки бо бобои Абдураҳим ҳамсӯҳбат бишавам ва дар мавриди сафари шарикдарсон ба Душанбе маълумоти саҳеҳ бигирам. Сӯҳбати мо дар соҳили дарё сурат гирифт. Бо фармоиши ӯ ин ҷо кӯрпача густурданду мӯйсафед ба қисса пардохт.

  • Дар маҳаллаи Тошқурғони Қаратоқ Махсуми Зоғпо ном марде зиндагӣ мекард, ки хари хокистарранги тезҳаракате дошт, — гуфт бобои Абдураҳим. Вақте азми сафар кардем, ману
пешина
аз 28
навбатӣ