Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

МаърифатОилаМаориф
Аз аввал хондан

Сангвиник — бачаҳои эҳсосӣ, зудранҷ, баҳудаю бехуда араз мекунанд, аз чизи оддӣ ба ҳаяҷон меоянд, фаъолияти баланд доранд, ба ҳар шароит зуд мутобиқ мешаванд, улфатӣ, хушчакчак, аммо зуд ба эҳсос дода мешаванд, аммо тез эҳсоси худро хомӯш карда метавонанд. Кори коллективиро дӯст медоранд. Суботкору пуртоқатанд. Маводҳоеро зуд аз бар мекунанд, ки эҳсосашонро бедор намояд (материалҳои завқовар, ранга, бозиҳои шавқовар, усулҳои компьютерӣ ва ғ.)

Холерик — кӯдакони серҳаракат, амали ҷавобияш фаврӣ, зуд ҷавоб медиҳанд, эҳсосашон баланд, таваккалкор, ҳаракатҳояшон номавзун. Бо завқ ва ҳавас кор мекунанд, мехонанд, барои амалӣ шудани мақсадашон муборизанд. Қувваашонро сарфакорона истифода намебаранд, зуд бемадор ва аз беадолатӣ низ рӯҳафтода мешаванд. Тундмизоҷ, густох, сахтгап, зудранҷанд: Худдорӣ карда наметавонанд. Дар коллектив низоъ меоваранд. Меҳрубону ҳалим, кори гуногунсоҳаро дӯст медоранд, агар кордор нашаванд ба касе кор надоранд. Маводҳоеро зуд аз бар мекунанд, ки ба он бовар кунанд, адолатпарваранд.

Флегматик — бачагони ором, ботамкинанд, низому тартибро дӯст медоранд, босубот ва матинияроданд, андеша карда кор мекунанд, истодагароянд. Кори оғоз намудаашонро то охир мерасонанд, аммо оҳиста, бо тамкин кор мекунанд. Протсесси равонӣ (психиашон) суст мегузарад,

пешина
аз 23
навбатӣ