Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа
МаорифМаърифатОила
Аз аввал хонданомаданаш мумкин, ки оқибати хуб надорад. Вақт ёбеду худатон машғул шавед. Корро мунтазам баред, одат карда мемонед. Фарзандҳо низ одат мекунанд.
- Ба ҳусни хати фарзанд аҳамият диҳед. Худатон фикр кунед: ҳусни хати имрӯзаи Шумо ҳусни хати муаллими синфи ибтидоиятон аст. Дидед, ки дар ҳусни хат фарзандатон камбудие дорад, бо муаллимаш маслиҳат кунед, ба ӯ ёрӣ расонед. Аз ҳама хубаш ба воситаи рӯйбардор кардани матн оҳиста-оҳиста ҳусни хати фарзандатонро ба низом дароред. Агар худатон ҳусни хати хуб надошта бошед, боке нест, ҳатто ба фоидаи кор аст. Сабаби бад будани ҳусни хататонро фаҳмонед. Аз китобҳо ҳусни хати зеборо ёфта, ё мувофиқи нишондоди алифбо бо фарзанд машқ кунед. Бигзор матнеро гаштаю баргашта рӯйбардор кунад. Албатта, матни шавқовари ба синну солаш мутобиқро интихоб намоед.
Донед, ки барои хушхат шудани фарзандонат то синфи чор дар мактабу хона ӯ бояд 1500-1700 саҳифаи дафтари мактабӣ машқи хат кунад.
- Хислати равонии психологии фарзандатонро аз аввал бо ёрии муаллим муайян карда гиред. Донед, ки инсон аз ҷиҳати равонӣ ба чор гурӯҳ тақсим мешавад: сангвиник, холерик, флегматик, меланхолик.
Ин мафҳумхоро сода карда бароятон шарҳ медиҳем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё