Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

МаорифМаърифатОила
Аз аввал хондан

маводи хондаашонро зуд ба хотир намегиранд, аммо маводро исбот кунанду ба хотир гиранд, дер фаромӯш менамоянд. Онҳоро ба ҳаяҷон овардан душвор, баръакс, ба ҳолати оромӣ, хунсардӣ, сабру тоқат ҳидоят намудани онҳо осон аст. Аз ҷанҷолу хархаша худро канор мегиранд, улфати хуб, аммо бепарвотар, танбалмизоҷ, аз пеши худ ташаббус нишон намедиҳанд.

Ба ин гурӯҳ корҳои серҳарактро пештар ташкил намуда, фаъолияташро мунтазам назорат бояд кард.

Меланхолик – ин қабили кӯдакон эҳсоси баланд доранд, зудранҷ ҳастанд, аммо ҳиссиёташон суст бедор мешавад. Ба худашон бовар надоранд, худро зуд гум мекунанд, корро нимкола мемонанд. Оҳистагуфтор, боандеша, худро бемадор меҳисобанд. Зуд хаста мешаванд. Агар вазъият ором бошад, халал нарасонанд, ором ва сермаҳсул кор мекунанд. Бедор кардани эҳсосашон душвор, аммо ҳиссиёташонро дуру дароз нигоҳ медоранд. Кинагир. Ҳаяҷонашон суст, дамдузд, танҳоиро дӯст медоранд. Бо шахсони нав алоқа карданро намеписанданд. Дар шароити нав худро ноқулай ҳис мекунанд ва аз нобарории худ ҳиҷил мешаванд. Сабаби нобаробариро таҳлил намекунанд. Аз коллектив дурӣ меҷӯянд. Меҳрубону дилсӯз, боодобу бошавкатанд. Бо ин гуна кӯдакон бо нармӣ, хушодобӣ, ғамхорона, ботамкину оҳиста муомила бояд кард.

пешина
аз 23
навбатӣ