Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

ОилаМаорифМаърифат
Аз аввал хондан

Агар хусусияти равонии фарзандашонро аз ин нишондодҳо дарёфтед, мувофиқи он амал намоед.

Дар ёд доред, ки ин нишондодҳо умумӣ ва қолабиянд.

Бисёр кӯдакон омехтаи ин характерҳои равониро дар худ доранд. Масалан, сангвиник бо флегматик, флегматик бо холерик, холерик бо меланхолик омехта мешавад. Барҳақ, ҳар инсон олами алоҳида ва нотакрор аст. Хусусиятҳои зикршуда барои омма, умумиянд.

Ҳар фарзандро алоҳида омӯхта, хислати характери равонии онро муайян намуда амал бояд кард.

  1. Ба омӯзиши фанҳои дақиқ аҳамият диҳед. Оё фарзандатон ҷадвали каратро медонад, мафҳум ва аломатҳои калон (>), хурд (<), мусовӣ (=), дигар унсурҳои амалҳоро медонад?

Мисол ва масъалаҳоро ҳал карда метавонад? Агар дар ин роҳ душворӣ кашад, кӯмакаш расонед. Дар ҳолате, ки худи Шумо ихтисосманд нестед, бо муаллим маслиҳат кунед.

Надонистан айб нест, нахостан айб ва ҳатто гуноҳ аст.

  1. Ба ҳаракати фарзандатон аҳамият диҳед. Аз бозӣ манъ накунед. Кӯдак ҷисман, рӯҳан дар рафти бозӣ инкишоф меёбад. Назорат кунед, ки бозӣ ба фоидаи кӯдак бошад. Аввал дарсашро тайёр кунад, сипас бозӣ ё баръакс. Вобаста ба одат, шароити маҳал, оила ва анъанаи рӯзгори худатон.
пешина
аз 23
навбатӣ