Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

ОилаМаорифМаърифат
Аз аввал хондан

-Барои таълиму тарбия пул мегирад, вазифаашро иҷро кунад!

Ин гуна суханҳоро бисёр шунидаем, ки гӯяндагони он сахт хато мекунанд. Фарзанд ҷигарбанди шумост. Рост мегӯед, ки давлат дар симои мактабу муаллим вазифадоранд, ки ба фарзанди Шумо илм омӯзонанд, тарбият кунанд. Аҳли ҷомеа ӯҳдадор аст, ки дар тарбияи ӯ саҳм гузорад, бетараф набошад. Аммо вазифаи асосӣ бар зиммаи Шумо аст, падару модарони азиз!

Ин таълиму тарбияро чӣ гуна амалӣ кардан лозим аст? Медонем, ки аксари падарон бисёри вақт аз субҳ то шом паи кору бори зиндагианд. Хаста шуда ба хона бармегарданд. Вақти кофии бо фарзандон машғул шудан надоранд. Бори сариштаи рӯзгор дар зиммаи модарон аст. Маслиҳат кунед! Вазифаҳоро муайян созед! Фаромӯш накунед, ки фарзанд фарзанди шумост. Ба пояш хоре халад, сӯзад – ҷигаратон месӯзад, сулфа занад, дилатон сих мезанад. Оянда ё номбардору ифтихори Шумо мешавад ва ё дасту домангиратон.

Мо ба Шумо роҳ нишон медиҳем. Роҳи рост! Намунаи роҳу воситаҳо. Китоб дар ин бора бисёр аст, аммо Шумо ё вақти хондани онро надоред ё ҳавсала.

Мо мехоҳем, ки китобчаи моро бо диққат хонед. Онро барои Шумо навиштем. Барои ҳама навиштем. Аз ин сабаб сода ба қалам додем, то ба ҳама фаҳмо бошад.

пешина
аз 23
навбатӣ