Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

ОилаМаорифМаърифат

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД – ҚАРЗИ ҲАР
ПАДАРУ МОДАР
(Тавсияҳо ба волидайн)

Падар ва модарони азиз!
Бо инояти Офаридгор шумо соҳиби фарзанд ҳастед. Давомдиҳандаи ному насаби шумост ӯ. Чун ҳамаи падару модар Шумо мехоҳед, ки фарзандатон солим ба воя расад, илм омӯзад, донишманд шавад, соҳибкасбу боҳунар бошад.

Мо ҳам шарики амалӣ гаштани орзую ниятҳои шумоем ва бо навиштани ин китобча ба Шумо кӯмак расонидан мехоҳем.
Бисёр падару модароне ҳастанд, ки баъди таваллуди фарзанд:

  • Калон шавад як кас мешудагиаст.
  • Худо халқаш кардааст, ризқашро медиҳад.
  • Нонашро ёфта хӯрад шуд, - гӯён дигар парвои ояндаи фарзанд надоранд.

Азизони дил! Ин хатои маҳз аст! Шумо барои таълиму тарбияи фарзанд дар назди Худою бандагонаш, дар назди ҷамъият, дар назди давлату Ватан қарздоред.

Ё вақте ки фарзандро ба мактаб доданд, баъзе волидайн тамоми масъулиятро ба дӯши мактаби муаллим мепартоянд.

  • Вазифаи мактаб аст тарбияи насли наврас!
  • Муаллимаш чӣ кор мекунад?
аз 23
навбатӣ