Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

қоғазҳои қиматнок ва истиқлоли молиявии корхонаҳо, наметавонист ташаккул ёбад.

Марҳилаи сеюм. Дар ибтидои солҳои 1930-юм дар Ғарб менеҷменти молиявӣ тадриҷан ба марҳилаи сеюми инкишофи худ гузашт. Буҳрони ҷаҳонии солҳои 1930-юм барои субъектони хоҷагидори аксарияти кишварҳо мушкилоти камшавии истеҳсол ва муфлисиро пеш овард. Бисёре аз корхонаҳои хурд, миёна ва ҳатто калон бо душвориҳои молиявӣ рӯ ба рӯ шуданд, миқдори уҳдадориҳои молиявӣ, ки онҳо қобилияти пардохтпазирӣ надоштанд, беист меафзуд. Суръати баланди таваррум, муфлисшавии саросарӣ, фаъолияти пасти сармоягузории субъектони хоҷагидор хоси ин давра буд.

Ҳадафҳои муҳимтарини идоракунии фаъолияти молиявии ширкатҳо дар ин давра аз як тараф баровардани ширкатҳо аз ҳолати буҳрон ва пешгирии муфлисшавии онҳо, аз тарафи дигар барқарор кардани фаъолияти онҳо ба ҳайси ширкаткунандагони бозори молиявӣ буд. Бинобар ҳамин зарурати табиии идоракунии бошууронаи равандҳои молиявӣ дар сатҳи роҳбарони зинаи поён, баъзан қабулкунии қарорҳои таваккалнок, вале самарабахш, ба миён омад.

Дар марҳилаи сеюми инкишофи менеҷменти молиявӣ зарибҳое дарёфт шуданд, ки бо ёрии онҳо таносуби байни навъҳои алоҳидаи захираро беҳтар кардан мумкин буд. Аммо ин таносубҳо барои давраҳои босуботу ғайрибуҳронии инкишофи иқтисодиёт муайян шуда буданд. Аз ин сабаб дар ин марҳила масъалаи ҷустуҷӯ ва асосноккунии усулҳои идоракунии захираҳои иқтисодӣ тавассути идораи молия дар ҳолатҳои буҳронӣ мавриди ҳаллу фасл қарор дода шуд. Ҳамчунин ба идораи таваккал (хатар) аҳамияти калон дода мешуд. Стратегияи идоракунии захираҳои молиявиро дар ҳолатҳои номусоиди таваккал ва тағйироти вазъи макро- ва микроиқтисодӣ кор карда баровардан лозим буд.

Дар марҳилаи сеюми инкишофи менеҷменти молиявӣ чунин консепсияву моделҳои муҳими назариявӣ таҳя карда шуданд:

  • консепсияи арзиши сармоя (Cost of Capital Theory) (Чон
    Уилямсон, с. 1938);

  • консепсияи сохтори сармоя (Capital Structure Model) (Франко
    Модиляни ва Мертон Миллер, с. 1958);

  • консепсияи арзиши пул дар замон (Time Value of Money Model)
    (Ирвинг Фишер, с. 1930),

пешина
аз 151
навбатӣ