Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
- Мактаби таҳлили молиявии оморӣ (Ratio Statisticians School, 1860-1880 гг.);
- Мактаби таҳлилгарони пайрави чандинвариант (Multivariate Modellers School, 1870-1890 гг.).
Ақидаи асосии намояндагони мактаби таҳлили молиявии оморӣ ин буд, ки зарибҳои таҳлилии дар асоси маълумоти муҳосибот ҳисобшуда танҳо дар ҳоли мавҷудияти мизонҳои муқоисаи ин зарибҳо фоида оваранд.
Намояндагони мактаби таҳлилгарони пайрави чандинвариант дар асоси қоидаи сохти асосҳои концептуалӣ амал мекарданд, ки ба мавҷудияти зарибҳои хусусии нишондиҳандаи вазъи молиявӣ ва самаранокии фаъосияти ҷории ширкатҳо асос ёфтаанд.
Дар марҳилаи дуюми инкишофи менеҷменти молиявӣ назарияҳои гуногун таҳия карда шуданд, масалан, концепсияи таҳлили сели пули дисконтшуда (Discounted Cash Flow Analysis Theory), ки муаллифонаш Ҷон Вилямсон (John Williamson) ва Маер Гордон (Myer Gordon) мебошанд. Он замон дар Ғарб ин назария барои идоракунии молияи ширкатҳо истифода бурда мешуд.
Ҳамин тавр, дар марҳилаи дуюми рушди менеҷменти молиявӣ асосҳои таҳлили молиявии ширкатҳо таҳия ва татбиқ карда шуд.
Ҳамчунин дар ин вақт ба ҷустуҷӯи таносуби байни навъҳои алоҳидаи захира ба воситаи идоракунии молия аҳамияти калон дода мешуд. Ин вазифа як қатор самтҳо, ба монанди беҳсозии муносибатҳои байни сармояи асосӣ ва гардон, сармояи истеҳсолӣ ва воситаҳои ликвиднок, воситаҳои худӣ ва қарзро дар бар мегирад.
Хулоса, дар кишварҳои Ғарб, дар давоми марҳилаи дуюми инкишофи менеҷменти молиявии асосҳои концептуалии идоракунии намудҳои гуногуни соҳибкорӣ дар ҳолатҳои гуногун таҳия карда шуданд. Доираи вазифаҳои менеҷменти молиявӣ васеътар шуд.
Диққати асосӣ ба баҳодиҳии самараи гузориши захираҳои молиявӣ ба самтҳои гуногуни рушди соҳибкорӣ дода шуд.
Таносуби самараноки байни сармояи асосӣ ва гардон ошкор карда шуд.
Дар кишварҳои ИДМ марҳилаи дуюми рушди менеҷменти
молиявиро ҷудо кардан душвор аст. Идоракунии молия ба
маъное, ки дар Ғарб онро мефаҳманд, дар иқтисоди сотсиалистӣ
бинобар сабабҳои зиёд, аз ҷумла аз сабаби набудани бозори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё