Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
- концепсияи робитаи мутақобилаи сатҳи хатар ва даромаднокӣ (Френк Найт, 1921 г.).
Дар ИДМ масъалаву вазифаҳои ҳамсони идоракунии молия дар оғози давраи гузариш, солҳои 1990-ум пайдо шуданд. Дар ин вақт бисёр корхонаҳо наздик ба муфлисӣ буданд, ва аз ин сабаб аҳамияти идоракунии селаҳои пулӣ ва беҳсозии сохтору таркиби активу сармоя бештар гардид.
Ҳамин тавр, менеҷменти молиявӣ дар ибтидои солҳои 1990-ум дар кишварҳои ИДМ якбора бо муаммоҳои калоне рӯ ба рӯ шуд, ки дар Ғарб тадриҷан бо мурури инкишофи илм ба миён меомаданд.
Бисёри корхонаҳое, ки солҳои 1990-ум наздик ба муфлисшавӣ буданд, то ҳол назарияҳои дар кишварҳои ғарбӣ дар давоми марҳилаҳои якум ва дуюми инкишофи менеҷменти молиявӣ кашфгардидаро аз худ накарда буданд. Аз ин сабаб ҳалли масъалаҳои муҳиме аз қабили идоракунии корхона дар шароити буҳрон, барои корхонаҳои ватанӣ муаммои ҷиддӣ гардид.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки марҳилаи мазкурӣ рушди менеҷменти молиявӣ дар кишварҳои ИДМ хеле дертар аз кишварҳои Ғарб сар шуд. Вақте, ки баъзе корхонаҳо бо зарурати идоракунии буҳронии корхонаҳо мувоҷеҳ шуданд, норасоии шадиди мутахассисони баландихтисос ҳис карда шуд. Сараввал дар кишварҳои ИДМ ба идоракунии сепаҳои пулӣ ва муносибсозии сохтори сармоя мутахассисони соҳаи иқтисоди корхона, тарҳрезону муҳосибон ва таҳлилгарон машғул буданд.
Хуллас, яке аз вазифаҳои асосии марҳилаи сеюми инкишофи менеҷменти молиявӣ таҳияи усулу равишҳои пешгӯии хатар дар соҳаҳои гуногуни саноат буд.
Марҳилаи чорум. Дар иқтисодиёти солҳои 1950-уми ғарбӣ дигаргуниҳое ба амал омад, ки барои гузариши менеҷменти молиявӣ ба марҳилаи муосир замина гузоштанд. Инқилоби зеҳнӣ, рушди хоҷагидорӣ дар бисёре аз кишварҳои мутараққӣ, инчунин рушди минбаъди равандҳои ҷамъиятӣ, илм ва зерсохтори бозорӣ барои ташаккули низоми комили илмии идоракунии фаъолияти молиявии корхонаҳо заминаро фароҳам оварданд. Бештар аз ҳама ба ин раванд густариши амалиёти молиявӣ дар соҳаи фаъолияти хоҷагии корхонаҳо, пайдоиши институтҳои молиявии нав ва таҷдиди қаблан амалкунанда, тағйирдиҳии муҳосибот, ҳисоботдиҳӣ, таҳия ва татбиқи шаклу усулҳои ҳисоббаробаркунӣ, пешгӯӣ, таҳлил ва дигар шаклҳои назорат мусоидат намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё