Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Барои марҳилаи муосир рушди иқтисодии пайдарпайи аксарияти кишварҳо, ҳамгироии иқтисодҳои миллии алоҳида ба низоми хоҷагии иқтисоди ҷаҳонӣ, оғози раванди ҷаҳонишавии иқтисод хос мебошад.

Акнун бозорҳои молиявӣ ба тамоми ҷанбаҳои фаъолияти ширкатҳои бузург таъсири қавӣ мерасонанд. Аз сӯи дигар, қобилияти моҳирона идора кардани молия, иҷро кардани амалиёти бозори молиявӣ имкон медиҳад, ки хусусиятҳои сифатан муҳими истифодаи захираҳои иқтисодӣ ташаккул дода шаванд, ва маҳз ҳамин захираҳо бо мурури замон ба омили асосии рақобатпазирии корхонаҳо табдил меёбанд.

Идоракунии молиявии ширкатҳои калон, амалиёти онҳо дар бозорҳои молиявӣ воситаи тавоное мегарданд, ки бо ёрии он натиҷаҳои зерин ба даст меоянд: беҳтар намудани таносуби байни ликвиднокӣ, даромаднокӣ ва таваккал (хатар); зуд таъмин кардани мувофиқати байни захираҳои молиявии ширкат ва суръати устувори рушди он; беҳтар намудани идоракунии навъҳои гуногуни таваккали истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ ба воситаи амалиёт бо активҳои молиявӣ.

Дар ҳоле, ки дар Ғарб марҳилаи муосири рушди менеҷменти молиявӣ ба поён мерасад, дар кишварҳои ИДМ менеҷменти молиявиро танҳо корхонаҳои алоҳидаи пешқадам, бештар аз соҳаҳои ашёӣ истифода мебурданд. Роҳбарияти корхонаҳои беш аз ҳама рушдёфта зарурати дигаргуниҳои куллиро дар идоракунӣ ва аз он ҷумла дар идоракунии молиявӣ дарк мекунад.

Барои расидан ба ин ҳадаф принсипу усули системавиро истифода бояд бурд. Дар корхонаҳои пешқадам сиёсати молиявии ба рушди стратегӣ равонашуда таҳия мегардад.

Усулҳои муосири идоракунии молия инҳо мебошанд:
-низоми нишондиҳандаҳои мутавозин (Balanced Scorecard — BSC), ки Дэвид Нортон ва Роберт Каплан таҳия кардаанд;
-модели таъмини молиявии рушди устувори корхона (A Model of Optimal Growth Strategy) (Чеймс Ван Ҳорн с. 1988, Роберт Ҳиггинс с.
1997);
-модели арзёбии активҳои молиявӣ бо дарназардошти таваккали мунтазам (Capital Asset Pricing Model) (Уилям Шарп, с. 1964);
-модели арзёбии опсионҳо (Option Pricing Model) (Фишер).
Маҳз дар чорчӯбаи назарияи муосири молия баъдан фанни амалии менеҷменти молиявӣ ҳамчун илми оид ба методология ва техникаи идоракунии молияи ширкати калон ташаккул ёфт. Ин воқеа асосан бо тариқи илова намудани фаслҳои асосии баҳисобгирии муҳосибӣ ва баъзе мафҳумҳои назарияи идора ба фаслҳои

пешина
аз 151
навбатӣ